8 кг героини корманди ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд як нафар сокини 36-солаи шаҳри Б. Ғафуров, муваққатан бекор, дастгир гардид.
Тибқи итиллои АНМН, кормандони ин ниҳод аз дохили сумкаи варзишии дастгиршуда 8 адад бастаи скотчпечи героин, ки вазнаш 8 килограммро ташкил менамояд, ошкор намуданд.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки маводи мусодирашуда ба шиноси дастгиршуда бо номи Фурқат тааллуқ дорад. Пас аз андешидани чораҳои фаврӣ корманди ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо рутбаи майор дастгир гардид.
Бояд таъкид кард, ки аз аввали сол ин дуюмин ҳодисаи аз тарафи кормандони агентӣ дастгир шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






