А.Наумович:«Тайёрӣ ба интихобот дар асоси қонун сурат мегирад»
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён баргузор гардид.
Ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони ИДМ Андрей Наумович баъди мулоқот дар нишасти матбуотии Журналистон зикр намуд, ки алҳол ҳайати мазкур иборат аз 34 вакил, аз ҷумла, намояндагони Беларус, Арманистон, Русия, Молдова, Қирғизистон буда, дар оянда бояд нозирони кишварҳои дигари ИДМ ба он пайванданд.
«Вазифаи асосии мо иборат аз шиносоӣ бо ҷараёни тайёрӣ ба интихоботи пешорӯ, аз ҷумла бо фаъолияти комиссияҳои поёнии интихоботӣ ва иштироки доимӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст», — гуфт Андрей Наумович.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






