Афзоиши истеҳсоли моҳӣ дар Фархор
Кӯлоб, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар давоми панҷ соли охир якчанд хоҷагии моҳипарварӣ ташкил шуд ва кооперативи истеҳсолии «Сабз» дар ҷамоати деҳоти «Зарбдор» бо назардошти сердаромад будани соҳаи моҳипарварӣ дар масоҳати ним гектар ҳавзи моҳӣ бунёд намуда, соли ҷорӣ аввалин маҳсулоти гӯштиро бо нархи арзон ба савдо баровард. Дар ноҳияи Фархор шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 13 адад расидааст ва истеҳсоли моҳӣ нисбат ба соли 2013 ду баробар афзоиш ёфтааст. Сокини чамоати деҳоти Ғалаба Хуршед Сафаров бо бародаронаш дар соли 2014 аз ҳисоби заминҳои бекорхобида хоҷагии моҳипарварӣ ташкил намуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид муҳайё карданист. Ҳоло дар ин хоҷагӣ 8 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, моҳии намуди карп, сазан, амури сафед ва дигар намудҳои ба иқлим мусоидро парвариш доранд. Баъди пурра ба кор даромадани ҳавзҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ боз 20 нафари дигар соҳиби ҷои кор хоҳад шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






