Афзоиши майли сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ). -Имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Назарзода Ризо Шодӣ ва Cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи коршиносон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва рӯзноманигорони давлати Қувайт баргузор гардид.
Масъулин мақсади мулоқотро омӯхтани бозори туристии мамлакат ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши туризми воридотӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни мулоқот аз ҷониби ширкатҳои туристии кишвар имкониятҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва хатсайрҳои ҷолибу минтақаҳои зебои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаи туризм ҳавасмандӣ ва омодагии худро баён доштанд.
Коршиносону рӯзноманигорон қувайтӣ аз 16 то 20 феврали соли равон ҷиҳати ташкили хатсайрҳо барои шаҳрвандони қувайтӣ ба Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии кишвар дидан намуда, бо расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо хоҳанд кард.
Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи кории соҳаи сайёҳии давлати Қувайт, ки иборат аз 21 нафар мебошад, баъд аз ташкили намоишгоҳи туристӣ ва нишасти ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар давлати Қувайт, ки 22- 25 ноябри соли 2014 сурат гирифт, ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






