Аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар КМИР

Февраль 9, 2015 15:12

Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  Созмони Ҳамкории Шанхай, Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Сафорати Туркманистон ва Дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар ҷумҳурии мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки тибқи талаботи қонунгузории интихоботӣ бо мақсади шаффоф ва озоду демократӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, мушоҳидаи раванди омодагиҳо ба баргузории интихобот бо даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар нозирони байналмилалӣ ташриф оварда истодаанд.
 Даъват намудани нозирони байналмилалӣ то як дараҷа ба таъмини иҷроиши уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон алоқаманд буда, иштироки онҳо ба баргузории интихоботи шаффофу ошкоро мусоидат мекунад.
Зикр карда шуд, ки ташкилотҳои байналмилалӣ ба интихоботи дарпешистода таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд ва воридшавии пешниҳодҳои зиёд оид ба аккредитатсияи намояндагони онҳо шаҳодати ин гуфтаҳо буда, то имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аллакай 131 нафар нозирони байнанлмилалӣ ба қайд гирифта шуданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба таъмини фаъолияти босамари нозирони байналмилалӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир маводҳои мукаммали зарурӣ, ки паҳлуҳои гуногуни раванди омодагиҳоро ба интихобот  дарбар мегирад, бо сифати баланд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп карда шуда, ба онҳо дастрас карда мешаванд.
Нозирони байналмилалӣ аз шароити мусоиди фароҳам овардашуда истифода карда, дар аксарияти минтақаҳои ҷумуҳрӣ бо фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот аз наздик шинос шуда, ҳамзамон дар семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки аъзоёни комиссияҳои поёнии интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳрӣ, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешавад ва инчунин дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карда истодаанд.
Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда гувоҳи он аст, ки аз ҷониби давлати мо барои баргузории интихоботи озод ва шаффофу демократӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. 
Сипас,  мутобиқи талаботи моддаҳои 8 прим 2 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  23  нафар нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 3 нафар аз Созмони Ҳамкории Шанхай, 11 нафар аз Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, 42 нафар аз Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон ва 2 нафар аз Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон  аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.
Масъалаҳои аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ бо назардошти ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
 

Февраль 9, 2015 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд