«Амонатбонк»: ҷаласа бахшида ба Соли оила
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки ҳайати васеи кормандони Раёсати бонк ва филиалҳои шаҳри Душанбе оид ба Соли оила эълон шудани соли 2015 ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, мақсади ҷаласа аз баррасии нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҷомеаи солим иборат буд. Муовини якуми раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода дар масъалаи нақши волидайн дар таълиму тарбия фарзанд, натиҷаи риоя накардани қонунҳо ва бархурдор набудан аз оқибатҳои манфии издивоҷи хешутаборӣ, тарбияи носолими фарзандон ва сабабҳои интихоби роҳҳои нодурусту ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани бархе аз ҷавононро натиҷаи тарбияи носолим дар оила гуфт.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҳалимова дар бобати баробарҳуқуқии зан ва мард дар оилаву ҷомеа, сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, издивоҷи хешутаборӣ ва оқибатҳои он, дур мондани фарзандон аз таълиму тарбия ва мавқеи зан дар ҷомеаи кунунӣ бо мисолу иқтибосҳо андешаҳои худро иброз намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






