Анҷоми курси омӯзишии КФО дар Душанбе
Душанбе, 13.02.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дар Душанбе курси байналмилалии КФО барои соҳиб шудан ба муҷаввизи мураббии дараҷаи «А», ки аз ҷониби дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё, мутахассиси ӯзбек Ислом Аҳмадов роҳбарӣ мешуд, анҷом ёфт.
Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, дар курси мазкур мураббиёни дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳамчунин мураббиёне, ки дар дастаҳои футболи кӯдакону наврасон фаъолият доранд — Ҷамшед Баҳронов, Раҳматулло Фузайлов, Ҳамид Каримов, Олимшо Қадамшоев, Алиҷон Турдиназаров, Баҳодур Сӯфиев, Ҳикматулло Шарипов, Назиршоҳ Ризомов, Тоҷиддин Мираков, Қаноат Латипов, Субҳон Хоҷамов, Муҳаммадалӣ Ҷӯраев, Насимҷон Набиев, Тоҷиддин Наботов, Юсуфҷон Абдуллоев, Меҳроб Заурбеков ширкат карданд.
Дар маросими интиҳои курс котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев ба мураббиён муроҷиат карда, иброз намуд, ки онҳо, албатта, донишҳои андӯхтаашонро дар амалӣ хоҳанд кард.
Ба иштироккунандагони курс сертификати иштирокчигӣ супорида шуд. Сертификати муҷаввизи «А»-и АФК ба онҳое, ки курсро бомуваффақият анҷом додаанд, бевосита баъдтар супорида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






