Анҷоми лоиҳаи кумаки бебозгашти Ҷопон дар Балҷувон
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода) . — Маросими бо муваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон» дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон 18 феврал баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо анҷоми лоиҳа бинои нав барои Беморхонаи марказӣ дар ҳудуди худи беморхона сохта шудааст. Бинои навбунёд дорои 8 ҳуҷра мебошад, ки дар он ҳуҷраи ташхис ва муолиҷа барои шуъбаи акушерӣ ва гинекологӣ, ҳуҷраи касалиҳои сирояткунанда, дандонпизишк, ҷарроҳӣ ва урологӣ ҷой гирифтааст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои ҳукумати ноҳияи Балҷувон 102 ҳазору 371 доллари ИМА ҷудо гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






