Авбошии донишҷӯён
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Чанде пеш кормандони милитсия гурӯҳи донишҷӯёнро бо гумонбарӣ ба авбошӣ дастгир намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, гурӯҳи донишҷӯён Шаҳриёр Саидаминов, Фирдавс Забиров, Сунатулло Зарифов, Хуршед Хоҷаев ва Аминҷон Асоев дар кӯчаи Борбади пойтахт тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Субҳон Хоҷазодаро латукӯб карданд, ки бар асари он ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.
Дар хабари қаблии мо аснои тарҷума иштибоҳатан номи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дарҷ ёфта буд, вале тавре ки дақиқ кардем, донишҷӯёни ин донишкада дар ин ҳодиса умуман ширкат надоштаанд. Масъулин барои иштибоҳ аз устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат узрхоҳӣ мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






