Аз «Белий аист» ҳазар кунед!
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо («Тоҷикстандарт») дар вилояти Суғд миқдори зиёди нӯшокиҳои спиртдорро аз қабили коняки «Белий аист» ва арақи «Пшеничная» ошкор намуданд, ки ба стандартҳои дахлдор мутобиқат надоранд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар ҷараёни санҷиши корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шоҳин» қонуншиканиҳои мухталиф, аз ҷумла риоя нашудани стандартҳои байналмилалӣ ошкор гардиданд.
Масалан, дар анбори корхонаи зикршуда 1 ҳазору 834 воҳиди коняки «Белий аист» пайдо гардид, ки дар зарфи полиэтиленӣ ҷой шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин беш аз 9 ҳазор зарфи пластмасии дорои арақи «Пшеничная» пайдо гардид.
Санҷиши маҳсулоти спиртдор идома дошта, ба гуфтаи мутахассисон арақу коняк бояд фақат дар зарфҳои шишагин ҷой дода шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






