Ба ҷонибдории сулҳу ободӣ овоз диҳем!
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо баъзе неруҳои бадхоҳ ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги маломат мезананд. Махсусан бо таваҷҷуҳ ба вазъи ба миён омадаи муҳоҷирати меҳнатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дахлдори мақомоти он дар Федератсияи Русия зери сангборони маломату сарзаниши гурӯҳҳои ғаразнок қарор гирифтаанд.
Дуруст аст, ки камбудиҳо дар фаъолияти сохторҳои дахлдор вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ зиёданд. Вале оё бо чунин танқидҳои ғайрисозанда ва нодуруст метавон чизе ҷуз ихтилоф ва парокандагии миллат ҳосил кард? Аҷаб ин аст, ки ин гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумат бо якдигар низ созгорӣ надоранд ва дар мухолифат ҳастанд. Ин худ нишондиҳандаи он аст, ки онҳо танҳо барои манфиати гурӯҳии худ амал карда, парвои ҷомеаву миллатро надоранд, балки баъзеашон тибқи нишондоди қудратҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Роҳи ҳалли камбудиҳои вуҷуддошта- ин бедорӣ ва ҳушёрии худи мардум мебошад. Ҳеҷ яке аз чунин гурӯҳҳо дар пайи ободиву осудагии мардуми мо нест. Барои мо муҳим аст, ки пеш аз ҳама муттаҳид бошем ва бо ҳам дар пайи бартараф кардани мушкилоти мавҷуда кӯшиш кунем. Албатта, саҳми давлату Ҳукумат дар ин роҳ бисёр бузург аст, вале мардум низ бояд дар атрофи Ҳукумат муттаҳид бошад.
Хусусан имрӯзҳо, ки дар арафаи интихоботи парламентӣ қарор дорем, мо тамоми мардуми кишвари азизамон, аз ҷумла онҳое, ки дар муҳоҷират дар Русия ва давлатҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд, бояд зимни овоздиҳӣ фикри солимро ба кор бурда, сиёсати ободкоронаю созанда, сулҳовару тараққипарвари Тоҷикистонро дастгирӣ намоем. Нагузорем, ки неруҳои бадхоҳ, ки маъмулан аз номи дину мазҳаб баромад карда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопокашон бирасанд, ғолиб оянд.
Гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз Русия








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






