Бадахшон ҷои маводи мухаддир нест
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ дар Маркази ҷавонон силсилаи чорабиниҳои зиддимухаддиротиро бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагона аз 12 то 30 январи соли 2015 дар мавзӯъҳои «Бадахшон ҷои маводи мухаддир нест», «Помир бар зидди норасоии масъунияти бадани одам», «Мардуми Бадахшон ҳаёти солимро интихоб менамояд», «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад», «Зиндагӣ дар Бадахшон-бидуни маводи нашъаовар» баргузор намуданд.
Мутахассисони агентӣ оид ба бемориҳои нашъамандӣ ва ВНМО сухан гуфта, инчунин сужаҳои видеоиро низ намоиш доданд.
Аз ҷониби хонандагони ин минтақа оид ба нашъамандӣ саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






