Баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Маркази исломии кишвар якҷоя бо шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зерсохтори он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Вахш, Панҷ, Қумсангир ва Қубодиён вохӯрию сӯҳбатҳо доир намуданд.
Масъулин оид ба масъалаҳои ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон, занону духтарон, ноболиғон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб, дастгирии оилаҳои камбизоат ва маъюбон сухан гуфтанд.
Чунин сӯҳбату вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






