Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Фаро расидани иди миллии кишвар – солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро бо камоли хушнудӣ ва масаррат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику муборакбод мегӯям.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳимму вижаро ишғол менамоянд. Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем.
Тоҷикистон ҳамеша хоҳони боло рафтани сатҳи муносибатҳои дуҷонибааш бо Эрон дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ буда, мӯътақид аст, ки кишварҳои мо бо талоши муштарак ба қуллаи мақсуд хоҳанд расид.
Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






