Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Италия
Душанбе, 02.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Италия интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ орзу намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия ҳавасманд аст.
Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем. Умедворам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кушишҳои худро ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани муносибатҳои судманди дуҷониба дареғ нахоҳед дошт».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






