Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Раисҷумҳури Афғонистон
Душанбе, 27.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғани барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷалолатмаоб,
Хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт.
Аз Ҷалолатмаоб хоҳиш мекардам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонанд. Худованди мутаъол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






