Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Урдун
Душанбе, 05.02.2015, (АМИТ «Ховар». — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Фоҷеаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии “Давлати исломӣ” моро ба даҳшат андохт.
Бо изҳори тасаллият ба Шумо нисбати ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд.
Таъзияву ҳамдардии самимонаи моро ба Шумо, пайвандони шаҳид ва мардуми бародари Урдун қабул фармоед».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






