«Баракат» ва «Интермёд» дар «ПРОДЭКСПО — 2015» иштирок мекунанд
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 2 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти иштироккунандагони Намоишгоҳи махсуси байналмилалии маводи озуқа, нӯшокиҳо ва ашёи хоми онҳо «ПРОДЭКСПО — 2015» баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ аз 9 то 13 феврал дар Маркази содироти шаҳри Маскав доир мегардад.
Дар мулоқот сардори шӯъбаи кор бо аъзои ПСС ҶТ Сайёра Абдуллоева, мушовири бахши хидматрасонии лоиҳаи Барномаи рушди СММ Рустам Шодибеков, сардори шӯъбаи фаъолияти намоишгоҳу ярмаркаҳои ПСС ҶТ Дилшод Мирсаидов, сардори шӯъбаи танзим ва назорати содиротии Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Ризо Содиқов, ҳамчунин роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Корпоратсияи «Баракат» Пардаалӣ Алимардонов ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Интермёд» Талбӣ Шоев ширкат доштанд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, калонтарин дар Русия ва Аврупои Шарқӣ форуми байналмилалии «ПРОДЭКСПО — 2015» воқеаи асосии ҳарсолаи бахши маводи озуқа ва нӯшокиҳо маҳсуб меёбад.
Сардори шӯъбаи кор бо аъзои ПСС Тоҷикистон Сайёра Абдуллоева изҳори умедворӣ намуд, ки иштироки истеҳсолкунандагони маводи ғизоии Тоҷикистон дар фаъолияти «ПРОДЭКСПО — 2015» ва бастани қарордоду шартномаҳои муфид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ба манзури таҳкими рақобатпазирии маҳсулоти бехатар ва аз нигоҳи экологӣ тозаи кишвар дар бозори ҷаҳон мусоидат мекунад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






