Барфрезии шадид ва бастани роҳҳо дар Бадахшон
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бар асари барфрезии шадиди чанд рӯзи охир дар Бадахшон роҳи Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим баста шудааст. Тибқи иттилои Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар дар айни замон дар самти роҳи Душанбе-Хоруғ, дар километри 471, 472-и мавзеи дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, мавзеъҳои Санободу Пастхуфи ноҳияи Рӯшон низ бар асари фаромадани тарма роҳ муваққатан баста мебошад.
«Дар роҳи Хоруғ-Мурғоб дар километри 634, 635 ва роҳи Хоруғ-Ишкошим дар километри 5,6,8 низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар мавзеъҳое, ки тарма фаромадааст, наҷотдиҳандагони ситоди кумита барои бартараф намудани оқибатҳо фаъолият бурда истодаанд»,-мегӯяд О. Нозимов.
Манбаъ хабар дод, ки дар айни ҳол ҳаракат дар шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон- Душанбе-Ҷиргатол, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод кушода буда, танҳо ағбаи Хобуробот маҳкам мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






