Бархурдҳои мусаллаҳона дар Диёлаи Ироқ

Февраль 27, 2015 08:25

  Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Муддати чанд рӯз аст, ки  дар баъзе вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- Тахор, Нангарҳор ва Лағмон аз  сабаби боришоти пай дар пайи борону барф  11 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар аз сабаби бемории сахт ба беморхона интиқол дода шудааст. Тибқи иттилои расида, дар вилояти Нангарҳор дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел 4 нафар аъзои як оила ҳалок гардидааст. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ танҳо ҷасади як нафарро пайдо карданд.  
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии Колумбия ҳангоми амалиёти густурда аз қочоқгарони кишвар  дар ҳаҷми 3 тонна маводи мухаддири навъи кокаинро дарёфт намуданд. Гуфта мешавад, ки қочоқгарон маводи мухаддирро дар зарфҳои махсус ҷосозӣ намуда, тасмим доштанд онро ба Мексика интиқол диҳанд. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар дар Колумбия гурӯҳи қочоқгарони «Лос Усуга» фаъол аст.
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дирӯз дар вилояти Диёлаи Ироқ бархурдҳои мусаллаҳона дар байни низомиёни давлатӣ ва ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба вуқуъ омаданд. Ба сохторҳои қудратии Ироқ муяссар шуд, ки ҷангиёни ифротиро аз ду рустои вилоят берун намоянд. Вале баъди фирори ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» онҳо 100 нафар мардро аз наздикии шаҳри Тикрити Ироқ рабуданд. Мувофиқи иттилои расида, дар байни шахсони рабудашуда шаш нафар наврас низ ҳаст. 
          Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Либия силоҳбадастони номаълум сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон,  воқеъ дар пойтахти ин кишвар- шаҳри Триполиро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар ҳодиса бинои сафорат қисман хароб гардид. Гуфта мешавад, ки зимни амалиёт сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафоратхона  қарор надоштааст. 
 

Февраль 27, 2015 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид