Барномаи нави назорати сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 12.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан М. Эллиотт ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи нави назорати силро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар ТОҷикистон хабар доданд, барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID мебошад, ба монанди инҳо: “TB CARE I”, “Тандурустии босифат” (QHCP) ва “Муошират оид ба ВНМО ва бемории сил”. Дар натиҷаи ҳамкории муштараки USAID ва Ҳукумати Тоҷикистону дигар шарикон дар мубориза бар зидди сил вазъият дар панҷ соли охир ба эътидол оварда шуд. Бино ба ҳисоботи охирини ҷаҳонӣ дар бораи сил афзоиши шакли мутобиқгаштаи сил дар ҳамаи панҷ кишвари Осиё Марказӣ боиси нигаронӣ аст. Гуфта мешавад, ҳадафи барномаи панҷсолаи USAID оиди назорати сил паст намудани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба беҳтаргардонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобати бемории сил бо истифода аз усулҳои ба бемор нигароншуда, тақвияти таҳлилгоҳу дигар қисматҳои тандурустӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин қабули ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар сатҳи миллӣ равона шудааст.
Барнома аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии Лоиҳаи “ҲОУП” ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шоҳигарии Нидерланд оид ба мубориза бар зидди бемории сил (KNCV), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фонди СПИД дар Шарқу Ғарб амалӣ мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






