Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону ИМА
Душанбе, 06.02.2015 (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Масоили таҳкими робитаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаҳои иқтисоду молия имрўз дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо муовини Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ Даниел Розенблум баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар партави сиёсати хориҷии дарҳои боз ҷонибдори рушду тавсеаи ҳамкориҳо бо кулли давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои ҳавасманд буда, дар ин ҷода ба таҳкими робитаҳои дуҷониба бо ИМА дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо аҳамияти зарурӣ медиҳад.
Дар мулоқот асосан ба масъалаи роҳу усулҳои фароҳамсози рушди ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии хаттҳои интиқоли барқ КАСА-1000 таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба масоили дигари марбут ба амалисозии лоиҳаҳои хурду бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия ва иқтисод табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






