Баррасии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Брюссел

Февраль 2, 2015 16:05

Душанбе, 02.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 январи соли 2015 дар шаҳри Брюссел дар доираи афзалиятҳои раисии Ҷумҳурии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо мусоидати “Institute for European Politics” ва “EU Institute for Security Studies” дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: санҷиши воқеият, сабақҳои омӯхта ва дурнамо” конфронс баргузор гардид.
Дар конфронс ҳамаи панҷ намояндаи доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо, котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Латвия Андрей Пилдеговикс, намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, директори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча, собиқ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морел, директори департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Фернандес Де Ла Пена,  дигар намояндагони баландпояи Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, як гурӯҳ сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Брюссел, олимон, коршиносони донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар шахсони баландпоя иштирок намуданд.
Иштирокчиён оид ба ҷараёни татбиқи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ» дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба маълумот дода, пешниҳодҳои мушаххаси худро доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ манзур намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани амнияти минтақавиро муфассал баррасӣ карданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустам Солиев зимни суханронии худ оид ба сатҳи кунунии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоли Аврупо маълумот дода, изҳори умедворӣ намуд, ки Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ дар таҳрири нав шароити кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъият дар Афғонистонро ба назар гирифта, ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
 

Февраль 2, 2015 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!