Баррасии асноди меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар мизи мудаввар
Душанбе, 18.02.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ доир ба баррасии асноди меъёрӣ ва ҳуқуқии Маркази миллии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ба кори худ оғоз намуд. Муовини якуми раиси кумита Мавсума Муинӣ ҳадафи онро муаррифӣ ва баррасии асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва заминаҳо вобаста ба ташкили Маркази миллии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон, инчунин таҳкими заминаҳои амалӣ ва илмию таҳқиқотии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки мавҷудияти муассисаи махсуси соҳавӣ, барои таъмини кадрии сиёсати ҷавонон, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муосир ва истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии кор бо ҷавонон шароити мусоиди ташкилию методиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ ба таъкиди масъулин ҷиҳати татбиқи ин мақсад таъсиси Маркази миллии омодасозии мутахассисони соҳаи сиёсати ҷавонон саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Дар мизи мудаввар изҳор гардид, ки дар сурати таъсиси Марказ ба ҳалли мушкилоти объективию субъективӣ дар сиёсати кадрӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Б. Розиқов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ки лоиҳаи барнома ва оинномаи маркази мазкурро муаррифӣ мекард, таъсиси онро дар шароити муосир амри воқеӣ арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки дар кишварҳои хориҷӣ бо назардошти аҳамияти рӯзмарраи масъала дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳатто ихтисоси «мутахассиси кор бо ҷавонон» ҷорӣ гашта, дар кишварҳои алоҳида, ки теъдоди ҷавонон дар ҳайати аҳолӣ тамоюли афзоиш зоҳир менамояд, сохтору муассисаҳои махсуси таълимию тадқиқотӣ самаранок фаъолият мебаранд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






