Баррасии дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ФРТ
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар нимаи дуюми имрӯз дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти кишвар Форуми рушди Тоҷикистон (ФРТ) дар мавзӯи «Таъмини самаранокӣ, гуногунсамтӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар» таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Қ. Расулзода дар сухани ифтитоҳии худ мақсади баргузории Форуми мазкурро дар баррасии дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар солҳои 2007-2014, хусусан татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии ҶТ барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ва таҳияи «Стратегияи навбатии ҶТ барои давраи то соли 2030», ки таҳияи он дар соли 2015 ба нақша гирифта шудааст, маънидод намуд.
Дар чорабинӣ бо назардошти зарурати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, хусусан дар деҳот, афзалият, комёбиҳои ноилгашта ва мушкилоти мавҷуда барои солҳои 2007-2014 баррасӣ гардиданд.
Дар самтҳои «Заминаҳо ва афзалиятҳои таъмини самаранокӣ, гуногунсамтӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ» устувории макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми молиявӣ, таъмини сиёсати устувори иҷтимоӣ, ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди тиҷорат барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, зиёд ва гуногунсамт намудани иқтидори истеҳсолӣ дар заминаи коркарди ашёи хом ва захираҳои ватанӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои агросаноатӣ ва саноати кӯҳӣ бо иштироки фаъоли бахши хусусӣ, рушд ва беҳтар намудани инфрасохтори бахши энергетика ва нақлиётӣ-транзитӣ, инчунин рушди неруи инсонӣ аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон муҳокима гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






