Баррасии Конвенсияи СММ дар Парлумони Тоҷикистон
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми худ, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳидро тасдиқ карданд.
Масъалаи мазкурро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Парвиз ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим шарҳ дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид 21 ноябри соли 1947 дар шаҳри Ню-Йорк аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Конвенсияи мазкур аз 11 модда, ки ба 49 фасл тақсим шудааст ва 18 замима иборат мебошад. Масуниятҳои Конвенсияи мазкур асосан оид ба дахлнопазирии амвол, фонд, даромадҳо, дахлнопазирии шахсии намояндагони муассисаҳои махсус, шахсони мансабдор ва аъзои оилаи онҳо марбут мебошанд. Конвенсия имтиёзҳои андозбандӣ, гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро низ муқаррар менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






