«Билайн»-сарпарасти бозии «Хайр» ва «Шайх Рассел»
Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ширкати мобилии «Билайн» дар бозии марҳилаи дуюми тахассусии Ҷоми КФО-2015 миёни витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдат ва чемпиони Бангладеш «Шайх Рассел» ба сифати сарпарасти генералӣ баромад мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, сарпарастони расмии бозӣ ширкати нӯшокиҳои нерубахши XL ва мағозаи либосҳои мӯдии «Милано Мода» мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки бозии марҳилаи дуюми тахассусии Ҷоми КФО-2015 миёни «Хайр» ва «Шайх Рассел» рӯзи 10-уми феврал, соати 13.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Ин вохӯриро ҳайати доварон аз давлати Қатар ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 27-сола мебошад. Доварони канорӣ ҳамватанони ӯ Ҷумъа Муҳаммад Ал-Буршаид ва Саул Аҳмад Ал-Макалеҳ мебошанд, ки ҳар ду 26 сол доранд. Вазифаи довари эҳтиётиро Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 32-солаи қатарӣ бар уҳда дорад. Комиссари ин бозӣ сардори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Ӯзбекистон Алим Арифов таъйин шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






