Боздиди Азим Иброҳим аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18 феврали соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз фаъолияти Корхонаи Воҳиди Давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» шинос шуда, бо роҳбарият ва кормандони муҳандисиву техникии он вохўрии корӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат зикр шуд, ки ҳолати кунунии фаъолияти ширкат роҳбарии ҳирфаиро талаб менамояд. Илова бар ин, истеҳсоли алюминий нисбат ба соли гузашта зиёда аз 50 ҳазор тонна ё на камтар аз 170 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, инчунин талаботи истеҳсолии 7 корхонаи ватании коркарди алюминий 53,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти тозатаъйин вазифадор мебошад, ки дар самти боздоштани тамоюли пастравӣ ва вусъат бахшидани иқтидори истеҳсолии ширкат тавассути афзун намудани шумораи ваннаҳои электролизӣ дар кўтоҳтарин муҳлат тадбирҳои амалӣ андешад.
Роҳбарияти ширкат иттилоъ дод, ки ҷиҳати беҳтар намудани фазои истеҳсоливу рақобатпазирӣ нақшаи чорабиниҳои мушаххас рўи даст доранд ва дар ин самт бо шарикони хориҷӣ низ вобаста ба барқарорсозиву афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхона гуфтушунидҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






