Боздиди гурӯҳи кории ФФТ аз шаҳру навоҳӣ
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Аз 17 то 19 феврал гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати Алишер Урунов, Сафар Каримов, Раҳмон Муртазоев ва котиби масъули Федератсияи футболи вилоят Аҳлидин Юнусов барои шинос шудан бо вазъи дастаҳои қаламрави вилоят аз чанд шаҳру ноҳия дидан кард.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, гурӯҳ ба шаҳру навоҳии Спитамен, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан рафта, оид ба вазъи дастаҳои футболи ин минтақаҳо бо масъулин мулоқот намуд.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз варзишгоҳҳое, ки дар он бозиҳои имсолаи мавсими футбол барпо мешаванд, боздид намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






