Боздиди кории Азим Иброҳим аз «НБО «Роғун»
Душанбе, 12.02.1015. (АМИТ «Ховар»). — 11 феврали соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои барқароркуниву сохтмонӣ дар «Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» боздиди корӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва мутахассисони ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» қайд гардид, ки корҳо тибқи талаботи стандартҳои барои чунин иншоотҳо амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Таваҷҷуҳи муовини Сарвазир дар майдони сохтмони нерўгоҳ ба масъалаҳои ҷойдошта нигаронида шуда, дастуру роҳнамоиҳои тахассусӣ барои вусъат бахшидани корҳои барқароркуниву сохтмонӣ дода шуд.
Дар фарҷоми сафар муовини Сарвазири мамлакат бо коршиносон, лоиҳакашону сохтмончиёни ин Нерўгоҳ мулоқоти корӣ баргузор намуда, вобаста ба фаъолияти минбаъда суҳбатҳои муфассал намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






