Боздошти ду қочоқчии афғон дар Бадахшон
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони зершуъбаи ноҳияи Ишкошими Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон дар деҳаи Зумудги ноҳияи Ишкошим ҳамчун гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар ду нафар сокини 26-солаи деҳаҳои Пегиш ва Ҳандуди вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардид.
Тибқи иттилои АНМН ҶТ, аз дастгиршудагон як сумка дарёфт шуд, ки дар дохили он 10 баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта мавҷуд буд.
Тибқи хулосаи ташхиси судӣ, маводи мусодира шуда афюн буда, вазни он 5 килограммро ташкил менамояд.
Нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ м. 200 қ. 3 — “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.
Боздоштшудагон ҳоло дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ буда, чорабиниҳои фаврӣ барои муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






