Бунёди майдончаи варзишӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 12.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1»-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Дар расми ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим дорад шумораи чунин майдончаҳои варзишии замонавиро ба 4 адад расонад. Ин боис мегардад, ки сафи варзишарон ва мухлисони тамоми намудҳои варзиш зиёд гашта, барои ҳимояи эътибори кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд».
Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён супориш дод, ки ба лоиҳа нишастгоҳ барои тамошобинон, зиёд намудани баландии панҷараи атрофи майдони бозӣ ва болопӯш намудани он бо тӯри махсус илова шавад.
Тибқи лоиҳа майдони футболи хурд 20 метр паҳноӣ дошта, дарозии он ба 40 метр баробар хоҳад шуд. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, иҷрои корҳоро Ширкати сохтмонии ҶДММ «Садоқат-Суғд» ба зимма гирифтааст. Барои ин аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






