Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Балҷувон

Февраль 19, 2015 14:45

Балҷувон, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Солҳои охир соҳибкорони маҳалӣ ва аҳолӣ ба сохтмони неругоҳҳои хурд дар деҳоти дурдасти кишвар камар бастаанд. Дар ҳашт деҳаи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дар айни замон 9 неругоҳҳои хурд ба истифода дода шуд, ки аҳолии ин деҳаҳо пурра бо неруи барқ таъминанд.  Сокинон бо истифода аз обу шароити мавҷуда кӯшиш бар он доранд, ки иқтидори неругоҳҳои хурдро бештар намоянд. Аз силсиланеругоҳҳои хурди барқи обӣ, ки иқтидорашон аз 5 то 25 киловат соат мебошад, дар ҷамоати мазкур беш 1200 нафар истифода мебарад. Дар ҳамаи хонаҳо фурӯзонакҳои каммасраф гузошта шуда, барои таъмиру нигоҳдории неругоҳҳо маблағи муайян пардохт мешавад. 

Февраль 19, 2015 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд