Бунёди пул то иди Наврӯз
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло аз сохтмони пули назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб дидан карда, бо раванди корҳои то имрӯз анҷом шуда ошноӣ пайдо кард.
Пули мазкур дар доираи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хумб бунёд ёфта, сохтмони он соле қабл оғоз шуда, ба истифодадиҳии он то имрӯз тӯл кашида истодааст.
Дар айни ҳол бунёди пулро ширкати туркии «Текар» ба уҳда дошта, тибқи иттилои мушовири лоиҳаи мазкур Сафаралӣ Абдуллоев то 20 феврал корҳои васлкунии оҳану бетонҳои қисмати болои пул анҷом ёфта, анчоми пурраи корҳои бунёдкорӣ дар арафаи иди Наврӯз пешбинӣ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






