Бунёди шаҳраки нав дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Хуҷанд, 09.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар боз як шаҳраки нав бунёд хоҳад шуд. Дар робита ба ин дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри бунёди шаҳраки наву замонавӣ санги асос гузошта шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот бо сокинони ноҳия зикр намуд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шаҳраки нав дар дашти Рогиф дар масоҳати умумии наздик ба 20 гектар бунёд ёфта, дар он иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз қабили бинои мақомоти иҷроияи ноҳия, хонаҳои истиқоматӣ, милитсия, прокуратура, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, марказҳои гуногуни савдо ва хизматрасонӣ, автоволкзал, чойхона қомат хоҳад афрохт.
Бо ин мақсад дар марҳилаи аввал аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят наздик ба 10 миллион сомонӣ мабалағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд. Инчунин бо мақсади таъмини шаҳрак бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ба ин мавзеъ аз сойи Каллахона бо қубурҳои баландфишори 250 мм ба масоҳати умумии 7,2 км об оварда мешавад.
Ҳамчунин аз қисмати болоии шаҳрак барои шаҳрвандони эҳтиёҷманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






