«Чароғи ҳидоят»-маҳфили тарбиявӣ
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки устодон ва донишҷӯён маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии «Чароғи ҳидоят» баргузор гардид.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов доир ба мавзӯи «Вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар назди волидайн ва ҷомеа дар партави Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод.
Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасон ва ҷавонон РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Пӯлод Саидов доир ба мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон» ба донишҷӯён маълумот дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






