Чкалов: Ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарин»
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар китобхонаи электронии мактаби Президентии Чкалов озмуни «Китобхони беҳтарин», ки пеш аз оғози таътили зимистона эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар давоми таътил 498 нафар хонанда китобҳои бадеию илмиро аз китобхонаҳо дастрас ва мутолиа намуд. Ҷамъбасти озмун аз рӯи шартҳои миқдори китобҳои хонда шуда, маълумот оид ба қаҳрамонҳои асарҳои хондашуда, аз ёд гуфтани сатри яке аз китобҳои хонда шуда гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷамъбасти озмун ба 9 нафар ғолиб- хонандаи синфҳои 1-11 Ифтихорномаи маъмурияти мактаб ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






