Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар марказҳои дилхушӣ
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар 20 феврали соли ҷорӣ як зумра мулоқотҳо доир намуданд. Чунун мулоқот дар мактаби таҳсилоти умумии № 30 бо волидони толибилмони синфҳои болоӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз — пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи нашъадор, инчунин шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, задухӯрди гурӯҳҳои ҷинояткор гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Махфират Хидирзода, намояндагони бахши занони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва занони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Иштирокдорон оид ба зарари истеъмоли муходдирот ба инсон ва оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии истеъмоли маводи нашъадор маълумот доданд.
Кормандони агентӣ дар марказҳои дилхушии “Пойтахт”, воқеъ дар ш. Душанбе ва “ОАЗИС”, воқеъ дар деҳаи Оқ-Қурғони ноҳияи Рӯдакӣ чорабиниҳои фаврӣии пешгирикунандаи нашъамандӣ баргузор намуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур масъалаи пешгирии паҳншавӣ, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва зарари он ба инсон баррасӣ гардида, ба кормандони марказҳои дилхушӣ дастурҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






