Даҳ рӯзи охири моҳи феврал серборон мешавад
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 16 феврал, ҳаво дар саросари Тоҷикистон абрнок шуда, борон борида, ҳарорати хаво рӯзона 4 — 6 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзи 17 феврал ҳаво абрнок шуда, дар баъзе маҳалҳо борон борида, ҳарорати ҳаво шабона 3 — 5 дараҷа ва рӯзона 7- 9 дараҷа гарм мешавад. Мувофиқи суханони ҳавошиносон, то охири моҳи феврал боронгарӣ мешавад.
Пагоҳ, 17 феврал, ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 11 — 13 дараҷа, вилояти Суғд 9 — 11 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 -13 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 3-5 дараҷа гарм, дар шарқи ВМКБ 3 — 4 дараҷа сард ва дар шаҳри Душанбе 9 — 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Маркази ҳавосанҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






