Дар Душанбе рӯзи Артишро ҷашн мегиранд
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ«Ховар», Муқаддас Темурзода).- Пагоҳ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири ин мақомот ва ҳайати шахсии вазорат чорабинии идона баргузор мегардад.
Тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 22 феврал бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона дар назар аст.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки 23 феврал бо иштироки вазири мудофиа ва роҳбарону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар боғи Ғалабаи пойтахт маросими гулгузорӣ баргузор мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки имсол ба таъсиси Артиши миллӣ 22 сол пур мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






