Дарёфти роҳхат барои ҷои кор
Панҷакент, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсат Абдуҳалим Қодиров гуфт: «Дар ин давра ҷиҳати касбомӯзонии ҳарчи бештари шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, ба 350 нафар барои омӯзиши касбҳои қаннодӣ, дӯзанда, қолинбофӣ, асосҳои омӯзиши компютер, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ роҳхат дода шуд, ки ин ба 100 % барномаи солона баробар аст».
Зикр шуд, ки бо мусоидати Раёсат соли сипаришуда 16 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо иштироки намояндагони 61 ташкилоту муассиса ва 1731 нафар корҷӯй гузаронида шуд. Ба иштирокчиёни ярмаркаҳо 1750 ҷойи корӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷа ба 78 нафар ба корҳои доимӣ роҳхат дода шуд, ки аз ин 53 нафар бо ҷои кори доимӣ, 30 нафар бо корҳои ҷамъиятӣ таъмин шуда, 80 нафар ба курси касбомӯзӣ номнавис шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






