Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Аморати Араб меравад
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, даври интихобии мусобиқоти ҷавонони «Осиё — 2016» дар гурӯҳи «D», ки дастаи мунтахби Тоҷикистон (U-23) дар он қувваозмоӣ менамояд, дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Даври интихобии ин мусобиқот аз 27 то 31 март дар шаҳри Фуҷейра сурат гирифта, дар он дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб, Шри — Ланка ва Яман ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Шогирдони Алишер Тӯхтаев 27 март бо дастаи Яман, 29 март бо дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва 31 март бо дастаи мунтахаби Шри — Ланка қувваозмоӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври интихобии мусобиқот 43 дастаи мунтахаби ҷавонон иштирок менамоянд.
Қисми хотимавии мусобиқот дар Қатар баргузор мешавад. Мақсад аз доир намудани мусобиқоти «Осиё — 2016» гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 мебошад, ки дар шаҳри Рио — де — Жанейро баргузор мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






