Дастгирии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 100 млн. аз ҷониби БҶ
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа натиҷаи мулоқоташ бо Президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмонро дар назди намояндагони васоити ахбори омма пурмуҳтаво, муфид ва судманд арзёбӣ намуд.
Сароҷ Кумар Ҷҳа зикр кард, ки бо Роҳбари Давлати тоҷикон татбиқи амалии 12 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 185,1 миллион доллари амрикоиро, ки барои мусоидат ба рушди бемайлони иқтисоди кишвар, таҳким ва тақвият бахшидан ба имконоти рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, инчунин беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба мардуми кишвар, ки дар ниҳоят ҳамаи он созгор ва ҳамқадам ба ҳадафҳои ҳукумати ҶТ, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани шароити рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон равона гардидаанд, мавриди муҳокима қарор додем.
«Мо инчунин имконоти мусоидат ва кумаки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати ҶТ ироа шударо дар самтҳои таҳким ва густариши минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ мудирияти маблағҳо ва ё молиёти давлатӣ, нақлиёт, ҳамлу нақл ва инчунин эҳтимолияти дастгирии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 100 млн. доллари амрикоиро дар тӯли 6 моҳ ба нақша дорем»,-иброз намуд директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ.
Бо мақсади коҳиш додани сатҳ ва ё фишори таъсири омилҳои беруна ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ тасмим дорад, ки дар моҳҳои оянда иқтидору кумаки худро барои тақвият ва инчунин густариши имконоти таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маҳал ва деҳоти ҶТ мусоидати худро анҷом диҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






