Дастурҳои клиникӣ дар амал ҷорӣ мешаванд
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Табобат дар асоси тибби собитшуда асоси фаъолияти табибон маҳсуб мешавад. Ташхиси дурусту саривақтӣ ва табобат бо роҳу усулҳои собитшуда гарави солимии ҷомеа аст. Бо ин мақсад ҳафтаи гузашта, дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ оид ба истифодаи маҷмӯи дастурҳои клиникии ташхису табобати беморон дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои табибон-омӯзгорон доир гардид. Зикр бояд кард, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ маҷмӯи дастурҳои клиникӣ дар ҳаҷми 12 000 нусха ба чоп расиданд, ки барои дастрас намудан ба табибон пешниҳод шуданд.
Бино ба иттилои аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ин дастурҳо аз ҷониби табибони ботаҷриба, профессорону олимони шинохта ва устодони ДДТТ таҳия гардида, барои ба роҳ мондани табобат дар асоси тибби собитшуда кумак хоҳанд кард. Дастрасӣ ба ин маҷмӯа ва омӯзонидани мутахассисон дар шахру навоҳии кишвар истифодаи онро боз ҳам самараноктар мегардонад. Аз ҷониби лоиҳаи “Беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ” ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ мутахассисони соҳа ба чунин даврҳои омӯзишӣ ҷалб мешаванд. Ин даврҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар идома хоҳанд ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






