Даъвати М. Убайдуллоев аз прокуратура
Душанбе, 10.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев аз прокуратураи шаҳр даъват ба амал овардааст, ки бо ҷалби прокуратураҳои ноҳиявӣ шуруъ аз 10 феврали соли 2015 фаъолияти роҳбарони сохторҳои зидахли шаҳрию ноҳиявиро дар иҷрои вазифаҳои таъйинотӣ мавриди назорат ва санҷиши доимӣ қарор диҳад. Ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии роҳбарони бахшҳои алоҳидаи хоҷагидории пойтахт дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ андешида шудааст.
Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ҳамзамон ҷиҳати риояи муқаррароти қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар пойтахт, хусусан дар самти беҳдошти муҳити зист, таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ байни сокинон, дастур дода шуд, ки дар ин самт институти волонтёрӣ ҷалб шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






