Дидори дастаҳои «Истиқлол” бо «Эрбил”
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва «Эрбил”-и Ироқ, қаҳрамони чоркаратаи ин кишвар 25-уми феврали соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, бошгоҳи футболи «Эрбил» бо 27 нафар ба Душанбе омадааст. Ба ҳайати даста 19 бозингар, ки дар байни онҳо танҳо як легионер — Надим Сабоҳ Аҳмад, ҳимоятгари 29-солаи мунтахаби Сурия ҳаст, шомиланд.
Инчунин дар ҳайати «Эрбил” ба Душанбе ду бозингари мунтахаби Ироқ омадаанд, ки дар ҳайати мунтахаби ин кишвар ба наздикӣ дар Ҷоми КФО-2015 дар Австралия бозӣ карданд.
Гуфта мешавад, доварони бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол” ва «Эрбил” аз Ӯзбекистон мебошанд. Довари ФИФА Илгиз Танташеви 30-сола аз шаҳри Бухоро, сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола ба ҳайси доварони марзии майдон хидмат хоҳанд кард. Шерзод Қосимови 26-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Виктор Колпаковаз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.
Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми КФО-2015 дар гурӯҳи «С” рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 25-уми феврал то 13-уми майи соли равон баргузор мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






