Дидори Хусрав Нозирӣ бо Ҳишом Бадр
Душанбе, 27.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 феврали 2015 сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар масъалаҳои бисёрҷониба ва амнияти байналмилалӣ Ҳишом Бадр мулоқот намуд.
Мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро баррасӣ намуданд. Дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби мисрӣ ният дорад дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни 2015 баргузор мешавад, фаъолона ширкат кунад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






