ДОТ: баррасии фаъолияти солона
Панҷакент, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дирӯз дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (ДОТ) дар шаҳри Панҷакент бо иштироки хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ректори ДОТ профессор Муаззам Ансорӣ дар бораи фаъолияти солонаи 2014 маълумот дода, аз ҷумла чунин гуфт: «Соли 2014 аввалин маротиба гурӯҳи дониҷӯён бо усули низоми кредитӣ ДОТ-ро хатм намуд. Инчунин мо бо чандин донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастем. Феълан донишгоҳи мо дорои 17 кафедра, 6 факулта ва 28 ихтисос аст, ки дар барои аксари ин ихтисосҳо омӯзгорони варзида тайёр мекунад».
-Соли ҷорӣ нақшаи асосии мо бунёди хобгоҳ барои донишҷӯён ва манзилҳои истиқоматӣ барои устодони ДОТ мебошад, ки дар солҳои наздик ба ин кор муваффақ хоҳем шуд ,- гуфт профессор Ансорӣ.
Дар фарҷоми нишаст М.Ансорӣ ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






