Духтарҳо чаро бедарак ғайб мезананд?
Душанбе,24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 21 феврали соли ҷорӣ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Дилшодҷон Муллоев, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи маҳалаи 3, муроҷиат намудааст, ки 18 феврали соли 2015, соати 18.40-дақиқа хоҳараш Дилфуза Муллоева, соли таваллудаш 1995, аз хона баромада то ҳол барнагаштааст. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қуронтеппа шаҳрванд Гавҳар Акрамова, соли таваллудаш 1971, сокини кӯчаи Айнии шаҳри мазкур бо ҳамин гуна ариза муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки 20 феврали соли равон соати 12:00 дақиқа, духтараш Насиба Акрамова, соли таваллудаш 1996 аз хона баромада то ҳол барнагаштааст.
Ҳамин тариқ, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан шаҳрванд Абдуқаҳҳор Ҷабборов, соли таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гули Сурх, муроҷиат намудааст, ки 19 феврали соли 2015, соати 10:00-дақиқа набераи ноболиғаш Ганҷинаи Икромзод, соли таваллудаш 1998, аз хона баромада то ҳол бедарак мебошад.
«Барои пайдо намудани шахсони бедарак гумшуда аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд»,- зикр менамояд сарчашма.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






