Душанбе: 600 кг маводи мухаддир сӯзонида шуд

Февраль 20, 2015 14:18

Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва намояндагони ВАО, аз ҷониби комиссияи қабулкунӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифташуда, дар оташдони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе наздики 600 килограмм маводи нашъаовар   сӯзонида шуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки маводи нашъадори мазкур аз рӯи 79 парвандаи ҷиноятӣ, дар асоси қарорҳои судӣ оид ба нобуд кардан аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳарорати 1000 дараҷа гармӣ сӯзонида шуданд.
Аз маводи нашъадори сӯзонидашуда:  37 кг 994 грамми он маводи нашъадори сахттаъсири героин, 57 кг 717 грамми он маводи нашъадори ҳашиш, 461 кг бангдона, 47 бех ниҳоли худрӯйи кӯкнор, 3572 адад хаби нашъаовар (МДМА) ва дигар маводи нашъадору воситаҳои психотропӣ буданд.
   «Мавриди зикр аст, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари дигар мақомоти қудратии кишвар муборизаи беамон мебаранд. Дар давоми соли 2014 аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 6 тоннаву 213 (2013-6686) кг маводи мухаддир мусодира шуд, ки аз ин миқдор 2 тоннаву 806 (2013-3015) кг ё 45 фоизро мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира намудаанд»,-зикр менамояд сарчашма.
 
 

Февраль 20, 2015 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!